6 Ноябр 2021 - 19:58
Ҳушдори Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода дар бораи нуфӯзи афроди фосид дар миёни аъзои Толибон

Раҳбари Толибон, аз вуҷӯди афроди нуфӯзӣ дар миёни нерӯҳои давлати муваққат ҳушдор дод.

ABNA24 : Ин суханон ба Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, нисбат дода шуда ва дар сафаҳоти иҷтимоии марбӯт ба Толибон бозтоби густарда доштааст.

Охундзода дар ин баёния гуфта, мумкин аст дар суфӯфи нерӯҳои ҳукӯмати Толибон афрод ва ниҳодҳои ношинос нуфӯз карда бошанд, ки хилофи хости Толибон кор мекунанд.

“Райтерс” нақл аз ӯ афзӯдааст: «иддае аз афроди бад ва фосид ҳастанд, ки мехоҳанд ба мо бипайванданд… то манофеи худро бароварда кунанд ё моро бадном кунанд ва моро бад ҷилва диҳанд.»

Ин изҳорот дар ҳоле аз сӯи раҳбари Толибон матраҳ шудааст, ки бо қудратгирии Толибон, ҳушдорҳои ҷаҳонӣ, мабнӣ бар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар хоки Афғонистон боло гирифтааст.

342/